МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ (ҶУМҲУРИЯВӢ) ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 11 АЗ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ
Санаи 3 апрели соли 2021 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 21 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора 12 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд:
Ҷойи якум:
1. ҚурбоновҶаҳонгир Дилшодович - хонандаи МТМУ №8 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик
2. Пулодов Дилнур Хуршедович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ
Ҷойи дуюм:
1. Саъдуллоева Сабрина Наимҷоновна – хонандаиЛитсейи назди ДДМ аз фанни забон ва адабиёти рус
2. Шодиева Сафина Парвизовна – хонандаи МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик
3.Додоханов Умедҷон Файзуллоевич – хонандаи МТМУ №12 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик
4.Толибова Нурҷон Баҳромовна - хонандаи МТМУ №8 аз фанни забони англисӣ
5. Турсунзаде Шервин Эраджович – хонандаи Литсейи назди ДДМ аз фанни забони англисӣ
6. Файзов Шоҳрух Фаррухшоҳович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни таърих
7. Рақибова Сумая Саидакбаровна- хонандаи МТМУ №10 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ
8. Насриддинзода Мафтуна Муслиҳиддин - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ
Ҷойи сеюм:
1. Раҳматуллозода Довуд Неъматулло - хонандаи Гимназияи Низомӣ аз фанни забони англисӣ
2. Раҷабов Фаррух Ёрмаҳмадович – хонандаи Литсейи №3 аз фанни таърих
Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ" ба падару модарони хонандагон, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои саҳм гузоштанашон миннатдори худро баён намуда ба хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ муваффақиятҳои пайвастаро таманно менамояд.