Гузаронидани мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ бо хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Рӯзҳои 26, 28-уми май ва 4 июни соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№8, 53, 70 ва Гимназияи №9 ба номи Низомӣ мулоқоти судманд ва соатҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯриҳо ин амалигардонии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш ва тарбияи ин қишри ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.
Дар рафти мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” Сафаров Р. оид ба ахлоқи намунавии хонандагон, ташаккули худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ, аз байн бурдани низоъҳои байнисинфӣ ва байнимактабӣ, ба тайёрии хуб ва сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, таъсири манфии сомонаҳои иҷтимоӣ, таъсири бегонапарастӣ ба ҷаҳонбинии наврасон ва ҷалби бештари толибилмон ба озмун ва олимпиадаҳо, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмҳои замони муосир суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар вохӯриҳо иброз гардид, ки бояд хусусан духтарон мавқеи хешро дар инкишофи ҷомеа мустаҳкам намоянд, зеро тарбиятгари насли наврас зан-модар аст.
Мавриди зикр аст, ки барои ноил гардидан ба ин мақсад зарурати омӯзиши фанҳо ва иштироки фаъол намудани хонандагон дар корҳои ҷамъиятӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, сабқатҳои илмӣ-эҷодӣ зарур аст.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мулоқотҳои судманд бо толибилмон аз манфиат холӣ набуда, барои тарбияи дурусти онҳо ва дар ҷодаи илм рушд ёфтани онҳо заминаи хуб мегузорад.