Таълиму тарбия намудани наврасону ҷавонони бонангу номус ва солими кишвар яке аз вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои худ таъкид мекунанд, ки “...наврасону ҷавонон ҳамчун идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлолияти Ватан, бунёдгузорони давлати дунявӣ ва демократӣ эътироф гардида, дар ободонии Ватан масъулияти калоне бар дўш доранд”.
Баҳри тарбия намудани кадрҳои беҳтарин дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар аз ҷониби Ҳукумату давлат ва хусусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои гуногуни таълимиву тарбиявӣ таъсис дода шудаанд, ки яке аз онҳо Маркази рушди истеъдодҳо ба ҳисоб меравад.
Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ» дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 353 аз 3 июни соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 451-10 аз 25 сентябри соли 2014 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2020»» ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Дар бораи таъсис додани Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ» таҳти № 225 аз 8.08.2018 фаъолияти худро оғоз намуд.
Яке аз мақсадҳои асосии Маркази рушди истеъдодҳои (минбаъд Марказ) ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаро гирифтани хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба таҳсилоти иловагӣ ва омода намудани онҳо барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Баҳри амали намудани мақсадҳои Марказ дар назди коллективи педагогӣ чунин вазифаҳо гузошта шудаанд:
- омода намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилаӣ;
- ташкил ва гузаронидани олимпиадаи фаннии ноҳиявии мактаббачагон;
- таъмини шогирдони Марказ дар олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанҳои таълимӣ;
- таъмини шогирдони болаёқати марказ ба Конференсияҳои илмӣ-эҷодии хонандагон;
- ҷалби омўзгорони боистеъдоду ҷавон ва собиқадор ба марказ;
- ҳамкории зич бо муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат;
- ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо бо методу усулҳои муосир;
- ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо бо техникаву технологияи замонавӣ;
- таҷҳизонидани синфхонаҳои марказ бо техникаву технологияи муосир;
- ҳамкорӣ бо Марказҳои илмӣ-амалии «Рушди истеъдодҳо»-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ;
- ҳамкорӣ бо Марказҳои рушди истеъдодҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ;
- муҳайё намудани шароит дар синфхонаҳо барои истифодаи барномаҳои интернетӣ ва китобхонаи электронӣ.
Машғулиятҳои Марказ дар самти равияҳои табиию риёзӣ ва техникиву гуманитарӣ равона шуда, дар ду баст фаъолият мекунанд.
Дар Марказ 20 нафар кормандон фаъолият карда, аз онҳо 13 нафарашон омўзгорони фаннӣ буда, аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, физика, химия, биология, барномасозӣ ва маҳфили шашкаву шоҳмот таълим медиҳанд. Бештари омўзгорон ҷавону боистеъдоданд ва аз ҷониби мақомотҳои идоракунандаи соҳаи маориф бо мукофотҳои давлатӣ, мисли нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардидаанд. Дар ҳайати педагогӣ низ омўзгороне ҳастанд, ки унвони илмӣ доранд.
Машғулиятҳои Марказ дар синфхонаҳои муҷаҳҳазгардидаи замонавӣ, баргузор мегарданд. Марказ дорои синфхонаҳои компютерӣ ва лингафонӣ аст. Компютерҳои Марказ бо шабакаи босуръати Интернет пайваст шудааст, ки ба воситаи он машғулиятҳои забономўзӣ ва барномасозӣ самаранок гузаронида мешаванд.
Дохилшавӣ ба Марказ тариқи санҷиш (тест, суҳбат ва корҳои санҷишӣ) ба роҳ монда шудааст.
Таҳсил дар Марказ ройгон аст.
Дар Марказ хонандагон аз синфҳои 4 то 11 дар ду баст таҳсил мекунанд:
аз соати 9.00 то 11.00 (барои хонандагони басти дувум) ;
аз соати 14.00 то 16.00 (барои хонандагони басти якум).
Маъмурият