Тасдиқ мекунам
М. Афғонов
Сардори Раёсати маорифи
шаӽри Душанбе
«__» __________2017 сол
Низомномаи
Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон
Муассиси озмун: Раёсати маорифи шаҳри Душанбе
Ташкилкунандаи озмун: Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе
Иштирокчиёни озмун: хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе.
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, маданияти иттилоотии интернетӣ, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ, тарғиби имкониятҳои шабакаи Интернет дар рушди сатҳи донишу дараҷаи ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон гузаронида мешавад.
2. Муассиси Форум Раёсати маорифи шаҳри Душанбе буда, ташкуликунандаи он Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе мебошад.
3. Иштирокчиёни озмун метавонанд дар форум ба таври фардӣ (индивидуали) ва ё ба таври даставӣ (гурўҳӣ, ки шумораи он номаҳдуд аст) иштирок намоянд. Иштирокчии форум ҳақ дорад корҳои эҷодии худро аз рўи намудҳои гуногун,ки дар шартҳои он нишон дода шуда, ба кумитаи тадорукот пешниҳод намояд.
4. Дар форум хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон ва донишҷуёни донишгоҳҳова донишкадаҳои шаҳри душанбе ҳуқуқ доранд ширкат варзанд.
II. Намудҳои озмун
1. «Барномасозӣ»
Дар Озмун иштирокчиён мувофиқи шартҳои он метавонанд корҳои эъҷодии худро дар шаклҳои гуногун пешниҳод намоянд. Шартҳои ин намуди озмун чунинанд:
2. «Веб барномасозӣ»
Дар ин намуди Озмун иштирокчиён метавонанд ба фаъолияти сохти сомонаҳо (сайтсозӣ) машғул гашта, онро пешниҳод намоянд. Иштирокчиён метавонанд коркардҳои худро дар шаклҳои гуногун ба дар мавзўҳои таълимӣ пешниҳод созанд. Шартҳои ин намуди озмун чунинанд:
3. Сохтани манбаи маълумот (база данных)
Дар ин намуди Озмун иштирокчиён метавонанд бо истифода аз барномаҳои мухталиф шакли (шаблони) манбаи маълумот (база данных)-ро омода намуда, пешниҳод намоянд. Манбаи маълумот метавонад доираи васеъи мавзўҳоро фаро гирад.
4. Сохтани шабакаҳои иттилоотӣ
Дар ин намуди Озмун иштирокчиён метавонанд лоиҳаи (модели) сохти шабакаҳои иттилоотиро пешниҳод намоянд.
III. Шартҳои Озмун
Барои ҳамаи намудҳои Озмун шартҳо чунин мебошанд:
IV. Меъёри баҳогузорӣ дар Озмун
Овоздиҳӣ аз ҷониби ҳакамон ба таври алоҳида аз тарафи ҳар як аъзои ҳакамон аз рўи низоми 100-бала бо меъёрҳои баҳогузории зерин гузаронида мешавад:
Ҳамчунин меъёрҳои зерин низ барои баҳогузорӣ ба инобат гирифта мешаванд:
V.Ҷамъбасти Озмун:
1. Ҳайати ҳакамон аз ҳисоби мутахассисони беҳтарини соҳа интихоб карда мешаванд, аз ҷумла аз ҳисоби устодону олимони муассисаҳои таҳислоти олии касбӣ, ки онҳо бо корҳои ба Озмун пешниҳодшуда шинос мешаванд ва ғолибонро муайян мекунанд.
VI. Мукофотонии ғолибони Озмун
Ғолибони Озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон муайян карда шуда, аз ҷониби таъсискунадагони Озмун бо тўҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.