ОМӮЗГОРОН

Контент

15-ми январи соли 2021, 13:08

ЭЪЛОН!

Ташкил ва баргузории Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” рӯзҳои 15 – 16 январи соли 2021 Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории Олимпиадаи мазкур ин ҳавасманд намудани хонандагон барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва дарёфту рушди қобилиятҳои онҳо, дар байни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ – амалӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонанадагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ ва мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст. Олимпиадаи даставии “Истеъдод” таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл ва услуби нав ташкил ва баргузор мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Аз ҳар як ноҳияҳои пойтахт ду даста, 6 нафар хонанда аз литсей ва гимназияҳо (дастаи аввал) ва 6 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастаи дуюм) иштирок менамоянд, ки дар умум 48 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар як иштирокчии даста аз 6 фан (математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) иштирок менамоянд. Дар рӯзи аввал аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳое, ки қобилияти донишҳои зеҳниро талаб менамоянд, ҳал карда мешаванд. Дар рӯзи дуюм бошад супоришҳое, ки донишҳои назариявиро талаб менамоянд, иҷро карда мешавад. Олимпиада аз рўйи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст гардида, дастаи ғолиб аз рўйи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда мешаванд. Хонандагоне, ки холҳои баландро ба даст меоранд, бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” сарфароз гардонида мешаванд. Дар асоси ҷамъбасти умумии холҳои бадастовардаи дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсей ва гимназияҳо ғолиб бароварда шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии “Истеъдод” мегарданд. Омӯзгороне, ки дар тайёр кардани шогирдон саҳм доранд, дар асоси тавсияи Кумитаи тадорукоти Олимпиада бо ифтихорномаву сипосномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибон дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.