НАҚШАИ СОЛОНА 2019

     

      Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро дар соли 2019-ум дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ», нақшаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2019-ум, нақшаи Маркази рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ» амалӣ месозад.

     

  Бобҳои нақшаи корӣ:

1.  Таъмини фаъолияти меъёрию ҳуқуқӣ.

2.  Фаъолияти ташкилӣ ва самти равонӣ-педагогӣ.

3.  Фаъолияти таълимӣ.

4.  Корҳои методӣ.

5.  Корҳои тарбиявӣ.

6.  Мустаҳкам намудани фаъолияти моддию техникӣ.

7.  Бардоштани сатҳи салоҳияти педагогии кормандони Марказ дар соҳаи кор бо хонандагони лаёқатманд.

8.  Шўрои омўзгорон.

9.  Маҷлиси назди директор.

10.  Корҳои хоҷагӣ.

 

Намуди фаъолият

Муҳлати иҷро

Масъули иҷро

1. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ

1

Ташкил намудани низоми фаъолияти Марказ дар доираи имкониятҳои ҷойдошта ва ҳуҷҷатаҳои меъёриву ҳуқуқӣ.

январ-март

Директор

2

Пешниҳод намудани Оинномаи Марказ ба шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои тасдиқ  

январ

Директор

3

Тайёр намудани муҳр ва сиккаи Марказ ва ба тартиб даровардани тамоми ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳукуқии Марказ.

январ

Директор

4

Тайёр намудани ҳуҷчатҳои Марказ барои гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ.

июл

Муовини директор

5

Гузаштани Марказ аз аккредитатсия ва аттестатсияи давлатӣ.

сентябр

Муовини директор

6

Гузаштани омўзгорони Марказ аз аттестатсияи омўзгорон.

дар давоми сол

Муовини директор

7

Гирифтани суроғаи юридикии Марказ.

апрел

Директор

8

Фармоиш ва низомномаҳои   олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

апрел

Муовини директор

9

Санад, фармоиш ва протоколҳои Шўрои омўзгорон.

дар давоми сол

Муовини директор

10

Бастани шартномаҳои тарафайн оид ба ҳамкорӣ бо марказҳо, академияҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, донишкадаю донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ.

дар давоми сол

Маъмурият

11

Амру фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Mақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе.

дар давоми сол

Муовини директор

12

Коркарди Нақшаи солонаи фаъолияти Марказ барои соли 2019-ум.

январ

Муовини директор

13

Тариб додани Нақшаи семоҳаи фаъолияити Марказ дар мавсими тобистон, дар мавсими таътили баҳорӣ, тирамоҳӣ, зимистона ва барои пешниҳод намудан ба шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои тасдиқ.

январ ва май

Муовини директор

14

Назорати қатъии иҷрои қарорҳо, амру фармоишҳои мақомотҳои болоӣ.

доимо

Муовини директор

2. ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛӢ ВА САМТИ РАВОНӢ-ПЕДАГОГӢ

1

Ташкил ва гузаронидани даври дуюми (ноҳиявӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ барои синфҳои 5-8.

январ

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорон

2

Таъмини иштироки ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмомли Сомонӣ  ба машғулиятҳои Марказ ва иттиҳодияҳои таълимии Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе.

январ

Муовини директор

3

Ба роҳ мондани омўзиши баромадҳои барномавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф.  

доимо

Муовини директор,омўзгорон

4

Истифодаи дастовардҳои таълиму тарбия, илму техника, барномаҳои инноватсионӣ тариқи шабакаи Интернет ва татбиқи он дар раванди кор.

доимо

Муовини директор

5

Таъмини иштироки ҳайати педагогӣ ва хонандагони Марказ дар ҷашну идҳои милливу давлатӣ: Истиқлолияти миллӣ, Рўзи Конститутсия, Рўзи Парчами давлатӣ, Рўзи Пойтахт, Ваҳдати миллӣ, Рўзи забон ва дигар чорабиниву супоришҳои мақомотҳои роҳбарикунанда.

дар давоми сол

Муовини директор, мутахассисон

6

Вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии хонандагон, омўзгорон, падару модарон ва дар ин самт андешидани тадбирҳои судманд баҳри пешгирии қонуншиканиҳо аз тарафи хонандагон.

доимо

Муовини директор ва омўзгорон

7

Мусоидат намудан дар таҳияи маводҳои иттилоотӣ ба системаи ягонаи иттилоотии идоракунии шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

дар давоми сол

Мутахассисон

8

Ба роҳ мондани корҳои инфиродӣ бо хонандагон аз рўи қобилият, завқу хоҳиш ва ба озмунҳои байналмилалӣ тайёр намудани хонандагони болаёқат аз фанҳои  дақиқ.

мунтазам

Омўзгорони фаннӣ

9

Ташкил ва баргузор намудани чорабинӣ бахшида ба «Иди Наврўз» бо иштироки хонандагон. 

март

Муовини директор, мутахассисон

10

Ташкил ва гузаронидани озмуни ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба «Рўзи пойтахт»  дар байни хонандагони синфҳои 8-10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

апрел

Муовини директор, омўзгорон

11

Таҳияи саволнома, тест ва супоришҳо барои  имтиҳони қабули хонандагони болаёқат ба Марказ.

май

Мутахассион, омўзгорон

12

Натиҷагирӣ аз озмунҳои фаннӣ, зеҳнӣ, лоиҳавии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

май

Муовини директор

13

Аҳамияти ҷиддӣ додан дар дастгирии равонию педагогии хонандагони лаёқатманд, ташхиси ибтидоии лаёқати зеҳнии онҳо.

доимо

Муовини директор, омўзгорон

14

Ҳавасмандгардонии хонандагони лаёқатманд: интишор дар ВАУ, дар сомонаи Марказ, мукофотонидан.

дар давоми сол

Муовини директор, мутахасисон

15

Ташкил кардани рейтингҳои хонандагони фаъоли Марказ барои ҳавасмандгардонии онҳо.

июн-сентябр

Муовини директор, мутахассисон

16

Кор бо «ҷувздони» хонандагони лаёқатманд бо мақсади инъикоси комёбиҳо дар доираи системаи баҳодиҳии сифати таълим.

сентябр

Муовини директор

17

Иштироки хонандагони Марказ дар олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

феврал-март

Муовини директор

18

Натиҷагирӣ аз иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар даври сеюм ва чоруми олимпиадаи фаннии хонандагон.

май

Муовини директор

19

Ташкил ва гузаронидани вохўрӣ бо мутасаддиёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти Ҷамъияти илмии хонандагони  шаҳри Душанбе. 

март

Муовини директор, мутахассисон

20

Ташкил ва баргузор намудани тартиби қабул ва санҷиши корҳои илмии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои иштирок дар Конференсияи умумишаҳрии илмӣ-эҷодии хонандагони шаҳри Душанбе.

март

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорон

21

Таъмини иштироки довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе»  

апрел

Муовини директор

22

Таъмини иштироки довталабони муассисҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Конференсияи умумишаҳрии илмӣ-эҷодии хонандагон дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе».

апрел

Муовини директор

23

Ҳамкорӣ бо Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе оид ба истироҳатгоҳи омўзишӣ-фароғатӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ барои хонандагони болаёқат.

июн-июл

Муовини директор, мутахассисон

24

Назорат аз болои иҷроиши нақшаи Марказ дар мавсими тобистон.

июн-август

Муовини директор

25

Супоридани шаҳодатномаҳои хатми Марказ.

август

Муовини директор, мутахассисон

26

Ташкил ва гузаронидани   «Рўзи  дарҳои  кушод».

сентябр

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорони фаннӣ

27

Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои шахсии хонандагоне, ки ба Марказ аъзо шуданд. 

сентябр-октябр

Омўзгорон

28

Истифодаи самараноки барномаҳои интернетӣ, дар машғулиятҳо, истифодаи китобхонаи электронӣ бо мақсади ҷалби хонандагони болаёқат ба фаъолияти  мустақилона.

мунтазам

Омўзгорон

29

Ташкил ва баргузории даври дуюми (ноҳиявӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи И.Сомонӣ.

ноябр

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорон

30

Ташкил ва баргузор намудани озмун бахшида ба Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ноябр

Муовини директор, мутахассисон

31

Мукофотонидани ғолибони даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

ноябр

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорон

32

Таъмини иштироки ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба машғулиятҳои Марказ.

ноябр

Муовини директор, мутахассисон

33

Таъмини иштироки хонандагони болаёқати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. 

декабр

Муовини директор

3. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

1

Тасдиқ намудани ҷадвали машғулиятҳо барои соли таҳсили 2019.

январ-сентябр

Маъмурият

2

Таҳия ва тасдиқ намудани нақшаҳои таълимии  омўзгорони Марказ.

сентябр

Муовини директор, омўзгорон

3

Фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон дар синфхонаҳо.

мунтазам

Муовини директор, мудири хоҷагӣ

4

Омода кардани синфхонаҳо барои машғулиятгузаронӣ мувофиқ ба талабот.

сентябр

Омўзгорон

5

Ҷалби хонандагон ба машғулиятҳои Марказ, ташкили гурўҳҳо.

мунтазам

Мутахассисон

6

Натиҷагирӣ аз кори омўзгорони фаннӣ, ташкили дарсҳои кушод.

Дар се моҳ як маротиба

Муовини директор, омўзгорон

7

Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо бо технологияи инноватсионии таълим дар Марказ.

дар давоми сол

Муовини директор, омўзгорон

8

Назорат аз болои иҷроиши нақшаҳои таълимии омўзгорон.

апрел-декабр

Муовини директор

9

Санҷиши рафти гузаронидани машғулиятҳо дар Марказ аз рўи ҷадвали дарсӣ.

январ-декабр

Муовини директор

10

Таъмини иштироки хонандагони лаёқатманди Марказ дар онлайн-интернети Олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ  барои хонандагони синфҳои    9-11.

дар давоми сол

Мутахассисон

11

Назорат аз рўи истифода ва дуруст пур кардани дафтари қайди машғулиятҳо.

апрел

Муовини директор

12

Санҷиши давомот ва иштироки хонандагон дар машғулиятҳо.

мунтазам

Муовини директор

13

Дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои  «2015-2020».

аз рўи нақша

Муовини директор, омўзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ

14

Омодагӣ ба  «Рўзи дарҳои кушод».

сентябр

Муовини директор, мутахассисон, омўзгорон

15

Назорати риояи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имлои забони тоҷикӣ» дар раванди фаъолияти Марказ. 

доимо

Муовини директор

16

Дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани компютерҳои Марказ барои гузаронидани санҷиши дониши хонандагон.

доим

Мутахассион

4. КОРҲОИ МЕТОДӢ

1

Ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар бо иштироки ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва аъзоёни Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе.

март

Муовини директор

2

Таҳия ва ба нашр омода намудани дастурҳои таълимӣ аз фанни физика ва забони русӣ. 

апрел-октябр

Муовини директор, омўзгорони фаннӣ

3

Расонидани ёрии методӣ ба омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияву литсейҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба  гузаронидани дарсҳои иловагӣ.

доимо

Муовини директор, мутахассисон

4

Назорат оид ба риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар таҳияи маводҳои таълимӣ-методии омўзгорон.

доимо

Муовини директор

5

Расонидани кўмакҳои методӣ дар  таҳияи мақолаҳои омўзгорон.

доимо

Муовини директор

6

Таҳия, муҳокима ва ба чоп пешниҳод намудани дафтарчаҳои кисагӣ аз фанҳои физика, биология, информатика, ҳуқуқ, забони англисӣ. 

август-ноябр

Мутахассион, омўзгорони фаннӣ

7

Аз чоп баровардани маҷмўи масъалаҳо аз фанни физика.

апрел

Мутахассисон, омўзгори фанни физика

8

Расонидани кўмаки методӣ дар таҳияи талабот, меъёрҳои баҳогузорӣ ва саволу супоришҳои Олимпида.

сентябр

Муовини директор, мутахассисон

9

Таҳияи барномаҳои таълимӣ бо истифодаи стратегия: суръатнокӣ, тақвият, ғанигардонӣ, проблематизатсия.

август

Муовини директор

10

Ташкил намудани гўшаҳои иттилоотӣ ва пурра намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба методологияи таълим барои хонандагони лаёқатманд дар ҳар як синфхонаи Марказ.

август

Муовини директор, омўзгорони фаннӣ

11

Тайёр намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба чорабиниҳои гузаронидашудаи Марказ дар рўзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва сомонаи Марказ. 

доим

Муовини директор, мутахассис

12

Таҳия ва чопи маводҳои методӣ, дискҳои электронии таълимӣ, коркарди барномаҳои электронӣ. 

то моҳи ноябр

Муовини директор

13

Ташкил намудани рейтинги хонандагони Марказ.

май-ноябр

Муовини директор

 5. КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

1

Гузаронидани суҳбатҳо бо падару модарон.

дар давоми сол

Муовини директор

2

Гузаронидани трененг ва семинарҳои тарбиявӣ бо аъзоёни Марказ.

тибқи нақша

Муовини директор

3

Ҷалб намудани хонандагони Марказ ба фаъолияти волонтёрӣ.

дар давоми сол

Мутахассисон

4

Гузаронидани экскурсияҳо ба осорхона ва дигар ҷойҳои фарҳангӣ.

дар рўзҳои татил

Муовини директор, мутахассисон

5

Гузаронидани суҳбатҳои педагогӣ бо волидайн оид ба:

-доираи шавқу ҳаваси кўдак,

-мушкилиҳо дар раванди омўзиш,

-қобилиятҳои шахсии кўдакони лаёқаманд.

дар давоми сол

Муовини директор

6

Иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки характери тарбиявӣ доранд.

тибқи фармоиш

Муовини директор

7

Ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҷалби мутахассисон доир ба мавзўи тарбияи насли наврас.

октябр

Муовини директор, мутахассисон

6. МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

1

Таҳияи базаи электронии иттилоотии Марказ.

август

Мутахассисон

2

Бо таҷҳизоти нав таъмин намудани Марказ аз қабили мизу курсӣ барои омўзгорон ва хонандагон, кондинсионерҳо, компютерҳо, ноутбукҳо ва принтер

июл

Мудири хоҷагӣ

3

Таҷҳизонидани синфи технологияи информатсионӣ бо мизу курсӣ, компютер ва гузаронидани хати алоҳидаи интернет дар ҳар як синф.

май

Мудири хоҷагӣ

4

 Таъмини иттилоотии кор бо хонандагони лаёқатманд 

- бурдани бонки маълумот;

-паҳнкунии таҷрибаи кори Марказ дар сомонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва ВАУ. 

дар давоми сол

Муовини директор

5

Таҷҳизонидани синфхонаҳои биология, математика, химия ва физика бо лабораторияҳо ва маводҳои зарурии замонавӣ.

то моҳи ноябр

Мудири хоҷагӣ

6

Гузаронидани инвентаризатсияи Марказ.

ноябр

Мутахассисон, мудири хоҷагӣ

7

Дарёфт намудан ва истифода бурдани сармоягузорони ватанӣ дар ғанигардонии Марказ бо тахникаи ҳозиразамон.

Дар давоми сол

Сармуҳосиб

7. БАРДОШТАНИ САТҲИ САЛОҲИЯТИ ПЕДАГОГИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ ДАР СОҲАИ КОР БО ХОНАНДАГОНИ ЛАЁҚАТМАНД

1

Иштироки кормандон дар конференсияҳо, семинарҳо оид ба кор бо хонандагони лаёқатманд.

тибқи фармоишҳо ва нақшаҳо

Муовини директор

2

Дарёфт ва паҳн кардани таҷрибаи инноватсионӣ.

доим

Муовини директор, омўзгорон

3

Ташкил намудани чорабиниҳои дохилии таълимии кадрҳо: соатҳои таълимӣ, мастер-классҳо ва тренингҳо.

тибқи фармоиш

Муовини директор

4

Такмили ихтисоси омўзгорон ва дигар кормандони Марказ.

тибқи нақша

Муовини директор

5

Иштироки омўзгорони Марказ дар дарсҳои омўзгорони пешқадами иттиҳодияҳои таълимии Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе.

дар давоми сол

Омўзгорони фаннӣ

6

Фиристодани омўзгорони Марказ ба курсҳои такмили ихтисос берун аз ҷумҳур.

тибқи фармоиш

Маъмурият

7

Ташкил намудани дарсҳои омўзишӣ барои омўзгорони ҷавони Марказ бо истифода аз дарсҳои онлайн-интерент.

сентябр-октябр

Муовини директор

8. ШЎРОИ ОМЎЗГОРОН

1

  1. Муҳокима ва қабули Нақшаи фаъолияти Марказ барои соли 2019.
  2. Муҳокимаи ҷамъбасти даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагон. Натиҷаҳои олимпиада.

январ

Муовини директор

2

  1. Оид ба омодагӣ ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон.
  2. Оид ба ҷалби бештари хонандагони лаёқатманди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба  машғулиятҳои Марказ.

март

Муовини директор

3

  1. Натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Марказ.
  2. Татбиқи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар шашмоҳаи аввали соли 2019.

май

Муовини директор

4

  1. Оид ба иштироки Марказ дар Конференсияи августӣ.
  2. Натиҷагирӣ аз фаъолияти Марказ дар 9 моҳ.

август

Муовини директор

5

  1. Тайёрии Марказ барои қабули хонандагони лаёқатманд дар соли хониши 2019.
  2. Тасдиқ намудани ҷадвали машғулиятҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ. 

октябр

Муовини директор

6

  1. Ҳисоботи фаъолияти солонаи фаъолияти Марказ.
  2. Муҳокима ва қабули Нақшаи солонаи Марказ барои соли 2020.

декабр

Муовини директор

9. МАҶЛИСИ НАЗДИ ДИРЕКТОР

1

  1. Натиҷагирӣ аз даври дуюми Олимпиадаи фаннӣ.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

январ

Муовини директор

2

  1. Оид ба вазъи омўзиш ва сифати машғулиятҳо дар Марказ.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

феврал

Муовини директор

3

  1. Оид ба ҷоннок намудани кумаки методии Марказ дар таъсис додани маҳфилҳои илмии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияву литсейҳо.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

март

Муовини директор

4

  1. Оид ба иштироки аъзоёни ҶИХ дар сессияи Академияи хурди улум.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

апрел-май

Муовини директор

5

  1. Оид ба таъсиси мактаби омўзишии тобистона дар истироҳатгоҳи  хонандагони лаёқатманд аз фанҳои дақиқ.
  2. Оид ба фаъолияти Марказ дар мависими таътили тобистона.Тартиб додани нақшаи фаъолият дар мавсими тобистон.

май

Муовини директор

6

  1. Оид ба омодагии Марказ барои фаъолят дар мавсими тобимстон.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

июн

Муовини директор

7

  1. Оид ба омодагии Марказ ба қабули хонандагони лаёқатманд дар соли таҳсили 2019-20120.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

август

Муовини директор

8

  1. Тайёрӣ бар Рўзи дарҳои кушод. Тасдиқ намудани гурўҳи корӣ дар рўзҳои қабули хонандагони лаёқатманд.
  2. Вазъи ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба машғулятҳои Марказ.
  3. Масъалаҳои ҷорӣ.

сентябр

Муовини ддиректор

9

  1. Оид ба омодагии Марказ барои ташкил ва гузаронидани даври дуюми Олимпиадаи  фаннии хонандагон барои синфҳои 5-11. 
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

октябр

Муовини директор

10

  1. Натиҷагирӣ аз даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон.
  2. Масълалаҳои ҷорӣ.

ноябр

Муовини директор

11

  1. Вазъи таълим ва тайёрии хонандагони Марказ ба даври сеюми олимпиадаи хонандагон ва дигар озмунҳо.
  2. Масъалаҳои ҷорӣ.

декабр

Муовини директор

10. КОРҲОИ ХОҶАГИДОРӢ

1

Бастани созишномаҳо оид ба хизматрасонии алоқаи телефонӣ, интернет, шабакаҳои барқ ва об дар соли 2019.

январ

Мудири хоҷагӣ, сармуҳосиб

2

Назорат оид ба самаранок ва сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ ва об дар бинои Марказ.

мунтазам

Мудири хоҷагӣ, сармуҳосиб

3

Шинос намудани кормандони Марказ бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ  ва дар ҳар як синф гузаронидани суҳбатҳо бо хонандагон оид ба техникаи бехатарӣ.

апрел

Мудири хоҷагӣ

4

Аз муоинаи тиббӣ ва санитарӣ гузаронидани кормандони Марказ.

апрел

Сармуҳосиб

5

Тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани инвентаризатсия.

ноябр

Сармуҳосиб, мудири хоҷагӣ

6

Навбатдории шабонарўзии кормандон дар мавсими тирамоҳу зимистон.

семоҳаи сеюм ва чорум

Мудири хоҷагӣ

7

Аз таъмир баровардани ҷойҳои фарсудашуда. Азнавсозии утоқҳои кории маъмурият.

семоҳаи дуюм

Сармуҳосиб, мудири хоҷагӣ

8

Ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар Марказ, тозаву озода нигоҳ доштани бинои таълимӣ, саҳну афтрофи он

мунтазам

Мудири хоҷагӣ

 

 

 

7-ми июни соли 2021, 09:59

ЭЪЛОН!

Гузаронидани мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ бо хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ       Рӯзҳои 26, 28-уми май ва 4 июни соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№8, 53, 70 ва Гимназияи №9 ба номи Низомӣ мулоқоти судманд ва соатҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.          Мақсад аз баргузории вохӯриҳо ин амалигардонии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш ва тарбияи ин қишри ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.            Дар рафти мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” Сафаров Р. оид ба ахлоқи намунавии хонандагон, ташаккули худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ, аз байн бурдани низоъҳои байнисинфӣ ва байнимактабӣ, ба тайёрии хуб ва сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, таъсири манфии сомонаҳои иҷтимоӣ, таъсири бегонапарастӣ ба ҷаҳонбинии наврасон ва ҷалби бештари толибилмон ба озмун ва олимпиадаҳо, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмҳои замони муосир суханронӣ намуданд.                  Ҳамчунин дар вохӯриҳо иброз гардид, ки бояд хусусан духтарон мавқеи хешро дар инкишофи ҷомеа мустаҳкам намоянд, зеро тарбиятгари насли наврас зан-модар аст.                      Мавриди зикр аст, ки барои ноил гардидан ба ин мақсад зарурати омӯзиши фанҳо ва иштироки фаъол намудани хонандагон  дар корҳои ҷамъиятӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, сабқатҳои илмӣ-эҷодӣ зарур аст.                     Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мулоқотҳои судманд бо толибилмон аз манфиат холӣ набуда, барои тарбияи дурусти онҳо ва дар ҷодаи илм рушд ёфтани онҳо заминаи хуб мегузорад.

6-ми маи соли 2021, 17:45

ЭЪЛОН!

Махфили Турсунзодахонӣ         Санаи 5-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Мунодии сулҳ ва шоири тавоно” бахшида ба 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо иштироки Низомӣ Муҳриддин –доктори илмҳои филологӣ, профессор, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода , мубашшири Акбарзод-номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос, корманди Академияи миллии илмҳои ҶТ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид.         Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ оғоз намуда оид ба фаъолият ва қаҳрамониҳои устод Мирзо Турсунзода ёдовар шуд. Сипас аз ҷониби меҳмонон ва хонандагон оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода маърузаҳо ироа гардид. Дар идомаи чорабинӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ”, “Беҳтарин расм” дар мавзӯи “Турсунзода-Қаҳрамони Тоҷикистон” ва “Турсунзодахонӣ” ҷамъбаст шуда ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур 16 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд:               - “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ”- 2 нафар;               - “Беҳтарин расм” дар мавзӯи “Турсунзода-Қаҳрамони Тоҷикистон”-10нафар;               - “Турсунзодахонӣ”- 4 нафар. Кормандони Муассиса ғолибони озмунро самимона табрик намуда, барои иштирок дар озмунҳои минбаъда бурдбориҳои бепоёнро таманно доранд.

1-ми маи соли 2021, 16:46

ЭЪЛОН!

Дарс дар боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ     Санаи 26-уми апрели соли равон дар боғи Устод Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ- сардафтари адабиёти классики  форсу тоҷик бо хонандагони иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик дарси озод гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки хонандагон дар назди пайкараи устод Рӯдакӣ нишаста дар фазои орому осуда ва оғӯши табиати биҳиштосои диёри азиз байни якдигар саволу ҷавоб доир ба шоирону нависандагони форсу тоҷик карданд, дар баробари ин байтбараку шеърхонӣ намуданд.      Маврид ба зикр аст, ки аллакай хонандагони иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик аз ҳисоби синфҳои 11 дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ аз худ натиҷаи хубу назаррас нишон доданд. Мо кормандони Муассиса Бовари ва умед аз он дорем, ки хонандагони иттиҳодияҳои таълимӣ дар Олимпиадаи фанниии дар пеш истода фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.     Дар акс омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Санифамоҳи Идрис бо шогирдон.

6-ми апрели соли 2021, 17:44

Эълон!

МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ (ҶУМҲУРИЯВӢ) ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 11 АЗ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ Санаи 3 апрели соли 2021 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 21 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора 12 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд: Ҷойи якум: 1. ҚурбоновҶаҳонгир Дилшодович - хонандаи МТМУ №8 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик 2. Пулодов​ Дилнур Хуршедович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ Ҷойи дуюм: ​ 1. Саъдуллоева Сабрина Наимҷоновна – хонандаиЛитсейи назди ДДМ аз фанни забон ва адабиёти рус ​ 2. Шодиева Сафина Парвизовна – хонандаи МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ​ 3.Додоханов Умедҷон Файзуллоевич – хонандаи МТМУ №12 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ​ 4.Толибова Нурҷон Баҳромовна - хонандаи ​ МТМУ №8 аз фанни забони англисӣ ​ 5. Турсунзаде Шервин Эраджович – хонандаи Литсейи назди ДДМ аз фанни забони англисӣ ​ ​ 6. Файзов Шоҳрух Фаррухшоҳович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни таърих ​ ​ 7. Рақибова​ Сумая Саидакбаровна- хонандаи МТМУ №10 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ​ ​ 8. Насриддинзода​ Мафтуна Муслиҳиддин - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ Ҷойи сеюм: ​ 1. Раҳматуллозода ​ Довуд ​ Неъматулло - хонандаи ​ Гимназияи Низомӣ аз фанни забони англисӣ ​ 2. Раҷабов Фаррух Ёрмаҳмадович – хонандаи ​ Литсейи №3 аз фанни таърих Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ" ба падару модарони ​ хонандагон, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои саҳм гузоштанашон миннатдори худро баён намуда ба хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ муваффақиятҳои пайвастаро таманно менамояд.

15-ми январи соли 2021, 13:08

ЭЪЛОН!

Ташкил ва баргузории Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” рӯзҳои 15 – 16 январи соли 2021 Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории Олимпиадаи мазкур ин ҳавасманд намудани хонандагон барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва дарёфту рушди қобилиятҳои онҳо, дар байни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ – амалӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонанадагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ ва мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст. Олимпиадаи даставии “Истеъдод” таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл ва услуби нав ташкил ва баргузор мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Аз ҳар як ноҳияҳои пойтахт ду даста, 6 нафар хонанда аз литсей ва гимназияҳо (дастаи аввал) ва 6 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастаи дуюм) иштирок менамоянд, ки дар умум 48 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар як иштирокчии даста аз 6 фан (математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) иштирок менамоянд. Дар рӯзи аввал аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳое, ки қобилияти донишҳои зеҳниро талаб менамоянд, ҳал карда мешаванд. Дар рӯзи дуюм бошад супоришҳое, ки донишҳои назариявиро талаб менамоянд, иҷро карда мешавад. Олимпиада аз рўйи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст гардида, дастаи ғолиб аз рўйи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда мешаванд. Хонандагоне, ки холҳои баландро ба даст меоранд, бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” сарфароз гардонида мешаванд. Дар асоси ҷамъбасти умумии холҳои бадастовардаи дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсей ва гимназияҳо ғолиб бароварда шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии “Истеъдод” мегарданд. Омӯзгороне, ки дар тайёр кардани шогирдон саҳм доранд, дар асоси тавсияи Кумитаи тадорукоти Олимпиада бо ифтихорномаву сипосномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибон дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.