Дӯстону ҳамкасбони гиромӣ, падару модарони меҳрубон ва шогирдони азиз! Шуморо ба сомонаи муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ хушомадед мегӯям!
Ояндаи мамлакат аз рушди илму маориф ва наврасону ҷавонони босаводу лаёқатманд вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд, кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд.
Дар ин робита Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолияти худро бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои гузоштаи давлату ҳукумати ҷумҳур дар соҳаи маориф ба роҳ мондааст.
Агар фарзанду шогирдони Шумо дорои дониши хубу аъло, эҷодкор ва навовар бошанд, пас онҳо бояд ҳатман дар машғулиятҳои Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуда, донишҳои худро такмил бахшанд. Таҳсил дар марказ тавассути дарсҳои муосиру инноватсионӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар Марказ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика, химия, биология, физика, технология информатсионӣ ва шоҳмоту шашка таълим дода мешаванд. Дар Марказ омӯзгорони варзида ва ҷавони соҳа дар тарбияи насли наврас ҷалб карда шудаанд.
Шумо имрӯз ояндаатонро интихоб мекунед - ин хело қадамҳои устувор ва ояндадор хоҳад буд. Интихоби ояндаи рӯшан, интихоби дурусти касб, интихоби дурусти зиндагиро имрӯз бояд кард.
Ба мо хело муҳим аст, ки Шумо роҳи дуруст ва касби ояндадорро интихоб намуда, барои расидан ба ҳадафҳои хеш, барои омӯзиш ва рушд намудан тақдири ояндаи худро бо Маркази мо бипайвандед.
Дӯстону ҳамкасбони гиромӣ, падару модарони меҳрубон ва шогирдони азиз Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ фарзандону шогирдони шуморо интизор аст!
Хонандагони азиз! Биёед бо ҳам якҷоя ба рушд ва дастовардҳо қадам гузорем!
Мо доимо ба хонандагони фаъолу ҷӯянда, ки хоҳиши такмил додани донишҳои худро доранд, хеле шод ҳастем!