Низомномаи Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон

                                                  “Тасдиқ мекунам”

Сардори  Сарраёсати маорифи

                                              шаҳри Душанбе

                                                                          Азизӣ М.М.___________

 

 

Н И З О М Н О М А И

Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе

 

1. Муқарррароти умумӣ

       1.1. Конференсияи илмӣ- эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (минбаъд Конференсия) мақоми олии Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳар сол моҳи  май дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

       1.2.  Мақомоти роҳбарикунанда ва идоракунандаи Конференсия Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мебошанд.

       1.3.Мақомоти роҳбарикунандаи Конференсия дар ташкилу баргузории Конференсия, метавонад ҷамъиятҳои гуногуни илмӣ,  Академияи хурди илмии назди Академияи илмҳои ҶТ, Форум ва Ҳафтаҳои илм, инноватсия ва ихтироъкорони ҷавонону наврасон ва ҳамчунин шахсони дигари ҳуқуқию  воқеӣ, ки аҳдофи онҳо ба мақсаду мароми Конференсия созгор аст ва  ташкилу баргузории кори Конференсияро дастгирӣ карда метавонанд, шарикони кори Конференсия эълон намояд.

 

2. Ҳадафҳои асосии ташкил ва баргузории Конференсия

 

        2.1.Ташаккул додани малакаҳои ҷустуҷўӣ-илмии хонандагон, дарёфти истеъдодҳо,   рушди малака, маҳорат,  тафаккур ва ҷаҳонбинии илмию эҷодии онҳо.

         2.2. Баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омўзиши фанҳои алоҳида, таҳқиқотҳои илмӣ, лоиҳасозӣ,  эҷодкорӣ, ихтироъкорӣ   ва дигар корҳои илмию амалӣ ва эҷодӣ.

          2.3. Шиносоии хонандагон бо кашфиётҳои нави илмҳои табиатшиносӣ,  дақиқ,  ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ ва ба ин васила бедор кардани шавқу ҳаваси онҳо ба корҳои илмию эҷодӣ.

 

3. Иштирокчиёни Конференсия, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

 

       3.1. Ҳар як хонандаи синфҳои 7-11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти муассиса дар сурате  иштирокчии Конференсия буда метавонадки агар:

- аъзои Ҷамъияти илмии муассисаи таълимӣ бошад;

- хонандагоне, бартаридошта ҳисобида мешаванд, ки  патент ё сертификати  ихтироъкорӣ доранд ё ихтирое кардаанд, кори илмию эҷодие чоп намудаанд, дар олимпиада ва мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалии илмӣ, лоиҳавӣ иштирок намуда, дастоварде доранд, дар таҳқиқотҳои илмию эҷодии муассисаҳои илмию эҷодии дигар шариканду  ҳуҷҷати тасдиқкунанда доранд ва кори амалии худро ба Кумитаи тадорукоти Конференсия пешниҳод намудаанд.

      3.2. Талабот ба кори таҳқиқотӣ,илмӣ-эҷодии хонанда:

 -номи мавзўъ ба илм ё ихтироот вобастагӣ дошта бошад;

 - сабаб ё мақсади  интихоби мавзўъ ва ё ихтироотро шарҳ диҳад;

 - мақсаду вазифаҳои таҳқиқоти худро равшан баён намояд;

- оид ба мавзўъ ба кадом манбаъҳои  илмӣ бештар муроҷиат шудааст ва якчанд таҳқиқот дар ин самт ба анҷом расидаро мухтасар баён кунад;

- дониш, малака ва маҳорати худро мустақилона дар кори илмӣ нишон диҳад;

- дар доираи мАвзўъ фарзияи илмӣ пешниҳод кунад ва онро  тавассути далелҳо, мисолҳо, қиёсҳо, таҷрибаҳои амалӣ, шарҳу тафсирҳо баён намояд;

 - дар маърўза ҷамъбасти таҳқиқоти илмию эҷодӣ, таҷриба ё лоиҳаеро дар доираи 10-12 саҳифа ҷамъбаст намояд;

 -  ба ғалатҳои грамматикӣ (имлоӣ, китобатӣ) ва услубӣ роҳ надиҳад;

 - ҳангоми баромад тавассути воситаҳои техникӣ мавзўъро мухтасар, вале пурмазмун муаррифӣ кунад;

 - дар кор унсурҳои  ороиши дурусти илмро истифода барад (тарзи дуруст истифода бурдани иқтибос ва нишон додани манбаи он,  рўихати адабиёт мувофиқи талаботи муқарраршуда);

 - тахаюли эҷодии худро дар кор инъикос намояд.

- ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои саҳеҳ ва боварибахш гардонад.

      3.3. Агар кор ба соҳаи меъморӣ, дизайнерӣ, барномасозӣ, манзарасозӣ, ихтирои асбоби техникӣ, машина бахшида шуда бошад, дар баробари маърӯзаи кӯтоҳ макет, навор, манзара, нақша(тарҳ)-и он, сохти дохилии он, номгўи таҷҳизот, андоза, ҳаҷм ва ҷобаҷогузории он (аз  рўи нақша),    арзиши он ва ғайра ба кор замима шавад;

      3.4. Агар кори хонанда шарху маънидоди эҷодиёт (шеър, лавҳа, ҳикоя)-и  худи ў бошад, сабаби ба эҷод рў овардан, аз таъсири чизе ё касе илҳом бардоштан, маънидоди жанри асаре, ки эҷод кардааст, шарҳи мавзўъ ва аҳамияти онро баён намояд, агар интишор шуда бошад, намунаи онро ба ҳакамон пешниҳод кунад.

     3.5. Агар кори хонанда ба соҳаи журналистика дахл дошта бошад, сабаби интихоби мавзўъ, жанр, ҳадафи эҷоди кор, интишори он дар ВАУ, сабти радиоӣ ё навори телевизионии он бояд пешниҳод гардад.

     3.6. Дар сурати розӣ набудан ба натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон, иштирокчӣ метавонад бо аризаи асоснок ба Кумитаи тадорукот муроҷиат намояд.

     3.7. Корҳое, ки пурра рўбардори китобҳои дарсӣ, илмӣ, мақолаҳои маҷаллаву рўзномаҳо ва интишороти «Интернет» мебошанд, қабул карда намешаванд

 

4. Ҳуқуқҳои хонандагон

     4.1. Хонанда ҳуқуқ дорад, ки мавзўи кори худро мустақилона ва ё  аз рўйхати  мавзўъҳое, ки роҳбари илмии муассисааш омода намудааст, интихоб намояд.

     4.2. Хонанда ҳуқуқ дорад, ки аз рўйхати зерин дар ду фан иштирок дошта бошад:

- забоншиносӣ ( тоҷикӣ, русӣ, англисӣ);

- адабиётшиносӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

- эҷоди бадеӣ- муаррифии эҷодиёти худи хонанда(тоҷикӣ, русӣ, англисӣ)

- ихтироъкорӣ (техникӣ, технологӣ, меъморӣ, моделсозӣ, конструксиясозӣ, дизайнерӣ, манзарасозӣ (ланшафт)

-математика (алгебра, геометрия, нақшакашӣ,)

- технологияи информатсионӣ

- физикаи амалӣ ва астрономия

- химияи амалӣ

-биология (экология) –и амалӣ

- таърих ва археология

-педагогика ва психология.

 

5.Тартиби баргузории Конференсия

       5.1. Даври аввали Конференсия  дар аввали моҳи март  дар муассисаҳои таҳсолоти умумӣ бо иштироки роҳбарону омӯзгорон, хонандагони муассисаи таълимӣ, мутахассисони соҳа,   намояндагони Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия ва Маркази кӯдакону наврасони ноҳия  мегузарад.

Кумитаи тадорукоти Конференсия (раисаш директори муассиса) хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараҷаи I, ДИПЛОМИ дараҷаи II, ДИПЛОМИ  дараҷаи III  сазовор гаштаанд, ба даври дуюм (шаҳрӣ) – барои иштирок дар Конференсияи илмӣ-тадқиқотии хонандагон бо  дархости муассиса ба унвони директори Маркази рушди истеъдодҳои  ноҳия  ва дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин  пешниҳод менамояд:

- нусхаи протоколи маҷлиси Кумитаи тадорукоти муассисаи таълимӣ;

-дархост барои иштирок бо маълумот дар бораи хонанда                   

 ( ному насаб, синф, № муассиса, фан, номи мавзӯи илмӣ, ному насаби муаллим ё роҳбари илмӣ, як дона расми 3х4);

 - нусхаи чопӣ ва электронии маърӯзаи илмӣ (то 12 саҳифа)

   - агар кори эҷодӣ бошад, нусхаи нашршудаи корҳои эҷодӣ дар шакли диск,буклет, китобча,  нақша, навор, ва ғ.);

 

5.2. Дар Маркази ноҳия ҳайати ҳакамон таъсис ёфта, беҳтарин корҳои илмӣ-тадқиқотии хонандагон –аъзоёни  ҶИХ-и муассисаҳо  интихоб карда мешавад.  

 

5.3. Рӯйхати иштирокчиёни Конференсияи илмӣ-тадқиқотии даври шаҳрии хонандагон бо дархости умумӣ ба унвони директори  МД “Маркази рушди истеъдодҳо” то 30-юми моҳи апрел пешниҳод мегардад.

      

     5.4. Конференсияи шаҳриро Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  ҳафтаи дуюми моҳи май, бо иштироки хонандагон-маърӯзакунандагон, роҳбарони Ҷамъиятҳои илмии муассиса (аз ҳар муассисаи таълимӣ 1 роҳбар), аъзои ҳакамон мегузаронад.

 

      5.5. Кумитаи тадорукоти Конференсияи даври шаҳрӣ хонандагонеро, ки ба ДИПЛОМИ дараҷаи I, IIIII сазовор гаштаанд, ба даври сеюм – ба сессияи Академияи хурди улуми Ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.

 

6. Кумитаҳои тадорукот ва ҳуқуқу вазифаҳои онҳо

     6.1.  Кумитаи тадорукоти Конференсияи шаҳриро Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳайати зерин тасдиқ мекунад:

        - Директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе-  раис;

    -ҷонишини директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе-ҷонишини раис

      -Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҶИХ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе - аъзоён

6.2. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ 

         6.2.1.Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва ихтиёрӣ буда механизми  ҳамкориҳоро бо Ҷамъиятҳои илмии хонандагони ноҳияҳои шаҳр ба танзим медарорад,дар таъмини  фазои иттилоотӣ, дастрасӣ ба маводҳои илмӣ-методӣ, рушди фаъолияти ҶИХ  ва  омода намудани хонандагони боистеъдод барои иштирок дар озмунҳои зеҳнӣ, олимпиадаҳои лоиҳавӣ ва Конференсияҳои илмӣ-эҷодӣ кӯмак мерасонад.

6.2.2. Ҳайати Шӯро характери интихобӣ дошта, метавонад тағйир ёбад .

6.2.3. Ба ҳайати шӯро интихоб мегарданд:

  -Директорони Марказҳои кўдакон ва наврасони ш.Душанбе

 - Директори Маркази технологияи информатсионӣ

-  Директорони  Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ , Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ

-  Директори литсейи №1 барои хонандагони болаёқат

-  Директори литсейи №2 барои хонандагони болаёқат

-  Директори гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат

-  Директори гимназияи  №2 барои хонандагони болаёқат

-  Директори гимназияи №74

-  Директори гимназияи №53

-   Котиби илмӣ (намоянда аз Маркази рушди истеъдодҳои ш.Душанбе)

6.2.4. Фаъолияти Шӯроро Директори Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарӣ менамояд.

 

6.2.5. Шӯро на кам аз 4 маротиба дар як сол гузаронида мешавад.

6.2.6.  Қарорҳои Шӯро хусусияти тавсиявӣ дошта бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул мегарданд.

6.2.7. Фаъолияти худро Шӯрои ҳамоҳангсозӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба низом медарорад.

6.2.8. Вазифаҳои Шӯро:

-Мундариҷа, шакл ва методҳои ташкил намудани фаъолияти ҶИХ-ро муайян мекунад.

- Таҷрибаи пешқадами ҶИХ-и муассисаҳои таълимиро таҳлил, ҷамъбаст ва паҳн менамояд.

 -Дар ҳалли мушкилоти вобаста ба ташаккули фаъолияти илмӣ-эҷодии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.

-Дар музокираи корҳои илмӣ-эҷодии хонандагон  иштирок менамояд ва барои пешбарӣ ба Конференсияи илмӣ-эҷодӣ, сессияи Академияи хурди улум тавсияҳо медиҳад.

-Нақшаи баргузории чорабиниҳо, озмуну мусобиқаҳо ва Конференсияи илмӣ-эҷодиро вобаста ба таҳқиқоти хонандагон таҳия  менамояд.

-Дастуру тавсияҳо ва пешниҳодро оид ба  самтҳои афзалиятноки ҶИХ таҳия ва пешбарӣ менамояд.

- Тавсияҳои худро барои нашри  маърӯзаҳои беҳтарини хонандагон, ҳавасмандсозии  аъзоёни фаъоли ҶИХ ва роҳбарони илмӣ пешниҳод менамояд.

 

  -  Масъалаҳои ташкилӣ (вақти баргузорӣ, ҷои баргузорӣ, барномаи баргузорӣ, ҳайати доварон), маблағгузорӣ ( барои хўрок, нақлиёт, сайёҳат ба ҷойҳои таърихӣ, нашри маводи иттилоотӣ, таҷҳизоту маводи ороишӣ, музди кори ҳайати доварон, таҷҳизоти конселярӣ, нашри маърўзаҳои илмии хонандагон, мукофотҳои ҳавасмандгардонии хонандагону омўзгорон (роҳбарони илмӣ) баргузорӣ ва ҷамъбасти Конференсияи илмӣ-эҷодии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.

 

 

8. Ҷамъбаст ва натиҷагирӣ

 

     8.1. Кумитаи тадорукот кори Конференсияро ҷамъбаст намуда, тавсия ва хулосаҳои онро  ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

     8.2. Корҳои лоиҳавие, ки арзиши амалӣ доранд, бо Грантҳои ҳавасмандӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Маркази рушди истеъдодҳо сарфароз гардонида мешаванд.

   8.3. Беҳтарин маърўзаҳои илмие, ки сазовори ДИПЛОМИ дараҷаи I гардидаанд, нашр ва дастраси муассисаҳои таълимию илмӣ мегарданд.

   8.4. Хонандагоне, ки тавассути маърўза, гузоришҳои илмию эҷодӣ, корҳои амалӣ қобилияти махсус нишон додаанд, ба узвияти Ҷамъияти илмии хонандагони шаҳри Душанбе қабул шуда, барои такмили дониш ва маҳорату малакаи онҳо гурўҳи алоҳида таъсис дода, фаъолияти минбаъдаи онҳо ба устодони соҳибтахассус вобаста карда мешавад, то ки таҳқиқот  такмил ёфта,  дар интихоби тахассуси онҳо ёрӣ расонад.

   8.5.Хонандагони сазовори ДИПЛОМИ дараҷаи I, ДИПЛОМИ дараҷаи II, ДИПЛОМИ   дараҷаи III   гардида ба истироҳатгоҳи фароғатӣ - омўзишӣ роҳхат мегиранд;

    8.6. Омўзгороне, ки дар тайёр кардани шогирдон саҳм доранд, дар асоси тавсияи Конференсия ба мукофотҳои соҳавӣ (Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе), тахассуси дараҷаи олӣ, роҳхат ба осоишгоҳҳои кишвар, мукофотҳои  Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва мукофотҳои таъсисдодаи муассисаҳои иштирокчии Конференсия ва соҳибкорони алоҳида сарфароз гардонида мешаванд.

  

 

7-ми июни соли 2021, 09:59

ЭЪЛОН!

Гузаронидани мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ бо хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ       Рӯзҳои 26, 28-уми май ва 4 июни соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№8, 53, 70 ва Гимназияи №9 ба номи Низомӣ мулоқоти судманд ва соатҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.          Мақсад аз баргузории вохӯриҳо ин амалигардонии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, савияи дониш ва тарбияи ин қишри ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.            Дар рафти мулоқотҳои судманд ва соатҳои тарбиявӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” Сафаров Р. оид ба ахлоқи намунавии хонандагон, ташаккули худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ, аз байн бурдани низоъҳои байнисинфӣ ва байнимактабӣ, ба тайёрии хуб ва сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, таъсири манфии сомонаҳои иҷтимоӣ, таъсири бегонапарастӣ ба ҷаҳонбинии наврасон ва ҷалби бештари толибилмон ба озмун ва олимпиадаҳо, мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмҳои замони муосир суханронӣ намуданд.                  Ҳамчунин дар вохӯриҳо иброз гардид, ки бояд хусусан духтарон мавқеи хешро дар инкишофи ҷомеа мустаҳкам намоянд, зеро тарбиятгари насли наврас зан-модар аст.                      Мавриди зикр аст, ки барои ноил гардидан ба ин мақсад зарурати омӯзиши фанҳо ва иштироки фаъол намудани хонандагон  дар корҳои ҷамъиятӣ, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, сабқатҳои илмӣ-эҷодӣ зарур аст.                     Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мулоқотҳои судманд бо толибилмон аз манфиат холӣ набуда, барои тарбияи дурусти онҳо ва дар ҷодаи илм рушд ёфтани онҳо заминаи хуб мегузорад.

6-ми маи соли 2021, 17:45

ЭЪЛОН!

Махфили Турсунзодахонӣ         Санаи 5-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Мунодии сулҳ ва шоири тавоно” бахшида ба 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо иштироки Низомӣ Муҳриддин –доктори илмҳои филологӣ, профессор, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода , мубашшири Акбарзод-номзади илмҳои филологӣ, адабиётшинос, корманди Академияи миллии илмҳои ҶТ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ баргузор гардид.         Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ оғоз намуда оид ба фаъолият ва қаҳрамониҳои устод Мирзо Турсунзода ёдовар шуд. Сипас аз ҷониби меҳмонон ва хонандагон оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода маърузаҳо ироа гардид. Дар идомаи чорабинӣ озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ”, “Беҳтарин расм” дар мавзӯи “Турсунзода-Қаҳрамони Тоҷикистон” ва “Турсунзодахонӣ” ҷамъбаст шуда ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур 16 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд:               - “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ”- 2 нафар;               - “Беҳтарин расм” дар мавзӯи “Турсунзода-Қаҳрамони Тоҷикистон”-10нафар;               - “Турсунзодахонӣ”- 4 нафар. Кормандони Муассиса ғолибони озмунро самимона табрик намуда, барои иштирок дар озмунҳои минбаъда бурдбориҳои бепоёнро таманно доранд.

1-ми маи соли 2021, 16:46

ЭЪЛОН!

Дарс дар боғи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ     Санаи 26-уми апрели соли равон дар боғи Устод Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ- сардафтари адабиёти классики  форсу тоҷик бо хонандагони иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик дарси озод гузаронида шуд. Қобили қайд аст, ки хонандагон дар назди пайкараи устод Рӯдакӣ нишаста дар фазои орому осуда ва оғӯши табиати биҳиштосои диёри азиз байни якдигар саволу ҷавоб доир ба шоирону нависандагони форсу тоҷик карданд, дар баробари ин байтбараку шеърхонӣ намуданд.      Маврид ба зикр аст, ки аллакай хонандагони иттиҳодияи таълимии забон ва адабиёти тоҷик аз ҳисоби синфҳои 11 дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннӣ аз худ натиҷаи хубу назаррас нишон доданд. Мо кормандони Муассиса Бовари ва умед аз он дорем, ки хонандагони иттиҳодияҳои таълимӣ дар Олимпиадаи фанниии дар пеш истода фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.     Дар акс омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Санифамоҳи Идрис бо шогирдон.

6-ми апрели соли 2021, 17:44

Эълон!

МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ И.СОМОНӢ ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ (ҶУМҲУРИЯВӢ) ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ БАРОИ СИНФҲОИ 11 АЗ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ Санаи 3 апрели соли 2021 дар Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанҳои гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 21 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд, ки аз ин шумора 12 нафарашон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд: Ҷойи якум: 1. ҚурбоновҶаҳонгир Дилшодович - хонандаи МТМУ №8 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик 2. Пулодов​ Дилнур Хуршедович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ Ҷойи дуюм: ​ 1. Саъдуллоева Сабрина Наимҷоновна – хонандаиЛитсейи назди ДДМ аз фанни забон ва адабиёти рус ​ 2. Шодиева Сафина Парвизовна – хонандаи МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ​ 3.Додоханов Умедҷон Файзуллоевич – хонандаи МТМУ №12 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ​ 4.Толибова Нурҷон Баҳромовна - хонандаи ​ МТМУ №8 аз фанни забони англисӣ ​ 5. Турсунзаде Шервин Эраджович – хонандаи Литсейи назди ДДМ аз фанни забони англисӣ ​ ​ 6. Файзов Шоҳрух Фаррухшоҳович - хонандаи Литсейи №3 аз фанни таърих ​ ​ 7. Рақибова​ Сумая Саидакбаровна- хонандаи МТМУ №10 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ​ ​ 8. Насриддинзода​ Мафтуна Муслиҳиддин - хонандаи Литсейи №3 аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ Ҷойи сеюм: ​ 1. Раҳматуллозода ​ Довуд ​ Неъматулло - хонандаи ​ Гимназияи Низомӣ аз фанни забони англисӣ ​ 2. Раҷабов Фаррух Ёрмаҳмадович – хонандаи ​ Литсейи №3 аз фанни таърих Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ" ба падару модарони ​ хонандагон, омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои саҳм гузоштанашон миннатдори худро баён намуда ба хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ муваффақиятҳои пайвастаро таманно менамояд.

15-ми январи соли 2021, 13:08

ЭЪЛОН!

Ташкил ва баргузории Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” рӯзҳои 15 – 16 январи соли 2021 Олимпиадаи даставии “Истеъдод” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузории Олимпиадаи мазкур ин ҳавасманд намудани хонандагон барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва дарёфту рушди қобилиятҳои онҳо, дар байни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ – амалӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ, дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонанадагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриоддӣ ва мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст. Олимпиадаи даставии “Истеъдод” таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл ва услуби нав ташкил ва баргузор мегардад. Бояд тазаккур дод, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Аз ҳар як ноҳияҳои пойтахт ду даста, 6 нафар хонанда аз литсей ва гимназияҳо (дастаи аввал) ва 6 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дастаи дуюм) иштирок менамоянд, ки дар умум 48 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар як иштирокчии даста аз 6 фан (математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва география) иштирок менамоянд. Дар рӯзи аввал аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳое, ки қобилияти донишҳои зеҳниро талаб менамоянд, ҳал карда мешаванд. Дар рӯзи дуюм бошад супоришҳое, ки донишҳои назариявиро талаб менамоянд, иҷро карда мешавад. Олимпиада аз рўйи натиҷаҳои ҳар як давр ҷамъбаст гардида, дастаи ғолиб аз рўйи натиҷаҳои ниҳоии холҳо муайян карда мешаванд. Хонандагоне, ки холҳои баландро ба даст меоранд, бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” сарфароз гардонида мешаванд. Дар асоси ҷамъбасти умумии холҳои бадастовардаи дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсей ва гимназияҳо ғолиб бароварда шуда, сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии “Истеъдод” мегарданд. Омӯзгороне, ки дар тайёр кардани шогирдон саҳм доранд, дар асоси тавсияи Кумитаи тадорукоти Олимпиада бо ифтихорномаву сипосномаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибон дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.